ҶОЙГОҲИ МЕРОСИ ИЛМӢ ВА МАЪНАВИИ ИМОМИ АЪЗАМ
Дар ҳошияи конфронси илмӣ-назариявӣ, ки 20-уми октябри соли равон дар мавзуи “Ҷойгоҳи мероси илмӣ ва маънавии Имоми Аъзам дар сиёсати фарҳангӣ ва худшиносии миллӣ” дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон баргузор гардид, бо иштироки муовини ректор оид ба тарбияи ДДМИТ Шаҳноза Ғафорова дар кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарзи донишгоҳ дарси тарбиявӣ таҳти унвони “Хирад, эътиқод ва тамаддун: фалсафаи мазҳаби Ҳанафӣ ва рисолати Эмомалӣ Раҳмон дар муаррифии он” бо сарпарасти гурӯҳ Сорбон Шарбатов баргузор шуд.
Нахуст Шаҳноза Ғафорова қайд кард, ки дар таърихи тулонӣ ва пурғановати халқи тоҷик, бахусус давраи исломии он, шахсиятҳо ва нобиғаҳои зиёде ба зуҳур омадаанд, ки дар ташаккулу такомули фарҳанг, ҳуввият ва асолати миллӣ нақши беназире боқӣ гузоштаанд. Аз баракати заҳмат ва корномаи пурвусъату башардӯстонаи онҳо сиришти фитрӣ ва ҳуввияти таърихию фарҳангии миллат ҳифз шуд ва барои инкишофи ояндаи он заминаи муносиб ба вуҷуд омад.
Аксари муаллифони пешин ва муҳаққиқони муосир эътироф намудаанд, ки Имоми Аъзам бидуни шаку шубҳа тоҷике аз сарзамини тамаддунхези Хуросони Бузург саҳеҳтар гӯем, аз шарқи ин хиттаи бузург будааст, ки дар он ҷо аҷдоди асили тоҷикон зиндагӣ дошта, фарҳанги пурбори ҷаҳоншумулро эҷод кардаанд.
Баъдан декани факултет Баҳодур Ҷӯрахонзода, сармутахассиси раёсати корҳои ташкилию тарбиявӣ Исматулло Ҷумаев ва ассистенти кафедраи фаъолияти бонкӣ Сорбон Шарбатов дар мавзуъҳои баррасишаванда баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.
Таъкид гардид, ки соли 2009 дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон чун соли бузургдошти Имоми Аъзам яке аз фарзандони дорои шуҳрати ҷаҳонии миллати тоҷик ва асосгузори мазҳаби оламшумули ҳанафӣ дар дини мубини Ислом нақши муҳим гузошт.
Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории худ мазҳаби ҳанафиро, ки асосгузораш Абуҳанифа мебошад, ҳамчун мазҳаби расмӣ ва суннатии мардуми кишвар эътироф кардааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки мазҳаби ҳанафӣ бо таҳаммулгароӣ ва эътидоли худ дар таърихи тоҷикон нақши калидӣ дорад.
Бузургтарин маркази таълимии динии кишвар - Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа номгузорӣ шудааст, ки биноҳои нави он соли 2025 бо иштироки роҳбари давлат мавриди истифода қарор гирифтанд. Ҳамчунин, масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе, ки яке аз калонтарин масҷидҳо дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад ва бо ибтикори Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шуд, низ ба номи Имоми Аъзам гузошта шудааст.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng