Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи ахлоқӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, ташаккули муносибати хуб бо ҷомеа ва ҷалби донишҷӯён ба таҳсилу донишандӯзӣ дар хобгоҳи №2-и Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон вохӯрии сардори шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва сармутахассиси шуъбаи кор бо донишҷӯён бо истиқоматкунандагон доир гардид.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими тарбиявӣ ва таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ба донишҷӯён оид ба риояи тозагӣ ва қоидаҳои санитариву беҳдоштӣ дар ҳуҷраҳои истиқоматӣ ва ҳудуди хобгоҳ, нигоҳ доштани тартибу низом, эҳтиром ба ҳамдигар ва истифодаи дурусти молу мулки умумӣ дастуру тавсияҳои муфид дода шуданд.

Дар идомаи вохӯрӣ ба масъалаи иштироки фаъолона ва мунтазам дар дарсҳо, азхудкунии донишҳои муосир, риояи интизоми таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Ба донишҷӯён фаҳмонида шуд, ки иштироки саривақтӣ дар машғулиятҳо, иҷрои супоришҳои омӯзгорон ва истифодаи самараноки вақти холӣ барои расидан ба дастовардҳои назарраси таълимӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

 

Ҷалолиддин МИРЗОЕВ,

сардори шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш

Ҷамшедҷон НУРЗОДА,

сармутахассиси ин шуъба