Таҳти ин унвон санаи 20-уми октябри соли равон аз ҷониби муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ, н.и.и., и.в. дотсент Давлатҷон Ҳукматов дарси тарбиявӣ дар ихтисоси 1-960101 - фаъолияти гумрукӣ, ки сарпарастии ин гурӯҳро ба уҳда дорад, доир гардид.

Дарси тарбиявӣ дар китобхонаи илмии донишгоҳ баргузор гашта, доир ба ин зуҳуроти номатлуби аср сарпарасти гурӯҳ андешаронӣ намуда, қайд намуд, ки терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи зуҳуроти хатарноки замони муосир ба ҳисоб рафта, ба амнияти миллӣ, сулҳу субот, ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон ва рушди устувори давлатҳо таҳдид менамоянд.

Пешгирии ин зуҳурот яке аз вазифаҳои муҳими давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои таълимӣ ва ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, таъмини амният, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пешгирии ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Мавсуф қайд намуд ки терроризм оқибатҳои вазнини иҷтимоӣ ва равонӣ дошта, метавонад боиси талафоти ҷонӣ, харобшавии иншоот, нооромии ҷомеа ва халалдор гардидани фаъолияти муътадили давлат гардад. Аз ин рӯ, даъват ба амал бароварда мешавад, ки шукрона аз оромии ин сулҳу суботи Ватани азизамон намуда, ба ҳар гуна фикру ақидаҳои носолим бовар нанамоянд.

Инчунин, донишҷӯёнро бо шароити мавҷуда, имкониятҳо ва захираи адабиёти китобхонаи илмии донишгоҳ аз наздик шинос намуда, онҳоро ба мутолиаи китоб, баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди ҷаҳонбинӣ ва такмили маърифати илмӣ даъват намуд. Қайд гардид, ки китобхонӣ дар ташаккули шахсияти донишҷӯ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсӣ ва пешгирии таъсири ақидаҳои ифротгароёна нақши муҳим дорад.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия