Бо мақсади ба роҳ мондани баҳисобгирии дурусти вақти корӣ, таъмини риояи интизоми меҳнат ва баланд бардоштани масъулияти кормандон дар иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ дар донишгоҳ семинари омӯзишӣ доир гардид.

Дар семинар ҳуқуқшиноси донишгоҳ, кормандони раёсати кадрҳо ва корҳои махсус, раёсати молия ва муҳосибот, омӯзгорон ва коргузорони тамоми сохторҳои донишгоҳ иштирок намуданд.

Чорабиниро Абдукарими Исо, масъули бахши музди меҳнати раёсати молия ва муҳосибот оғоз намуда, доир ба аҳаммияти табели корӣ, тартиби дуруст пур кардани он ва хусусиятҳои баҳисобгирии вақти кории кормандон маълумот дод.

Зимни баромад таъкид гардид, ки табели корӣ яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими баҳисобгирии вақти корӣ буда, барои муайян намудани вақти воқеии ҳузури кормандон дар ҷойи кор ва дуруст ҳисоб намудани музди меҳнат истифода мешавад. Аз ин рӯ, пур кардани он бояд бо риояи талаботи муқарраршуда, саҳеҳӣ ва масъулияти баланд анҷом дода шавад.

Ҳамзамон, масъалаи масъулият ҳангоми нодуруст пур кардани табели корӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид шуд, ки пешниҳодкунанда, қабулкунанда ва иҷрокунандаи ҳуҷҷат бояд ба дурустӣ ва саҳеҳии маълумоти дар он сабтшуда таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Риоя накардани талаботи муқарраршуда метавонад боиси ба миён омадани масъулияти дахлдор тибқи тартиби муқарраршуда гардад.

Дар идомаи чорабинӣ ҳуқуқшиноси донишгоҳ Сайдалӣ Ҳаитов масъалаҳои марбут ба риояи интизоми меҳнат, сари вақт ба ҷойи кор ҳозир шудани кормандон, роҳ надодан ба ҳолатҳои бе сабаб ба кор ҳозир нашудан ва иҷрои саривақтии уҳдадориҳои хизматиро шарҳу тавзеҳ дод.

Қисмати дигари чорабинӣ ба шарҳу тавзеҳи дастурамалҳои вазифавии оператор-коргузорон бахшида шуд. Ҳуқуқшиноси донишгоҳ мазмуну муҳтавои дастурамалҳои мазкурро шарҳ дода, доираи уҳдадориҳои хизматӣ, тартиби дурусти пешбурди ҳуҷҷатгузорӣ, риояи интизоми меҳнат ва масъулияти кормандон ҳангоми иҷрои вазифаҳои базиммаашон гузошташуда маълумоти мушаххас пешниҳод намуд.

Ҳамзамон, масъалаҳои марбут ба фаъолияти оператор-коргузорон, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, дуруст нишон додани соатҳои корӣ ва зарурати сари вақт таҳияву пешниҳод намудани табелҳои корӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

 

Савринисо ДАВЛАТОВА,

муҳаррири шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ