Тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати ташкилию тарбиявии донишгоҳ бо ташаббуси факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодии донишгоҳ 20-уми октябри соли равон ҳамоиши сиёсӣ-тарбиявӣ дар мавзуи «Муқовимат бо коррупсия ва терроризму экстремизм дар пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо байни ҷавонон» доир гардид.

Дар чорабинӣ Субҳоналӣ Мирзоев, мудири кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ, Ҷамолиддин Мирзоев, сардори шуъбаи кор бо ҷавонони раёсати корҳои ташкилию тарбиявӣ, Наҷибуллои Сайвалӣ, мутахассиси бахши таъминоти ҳуқуқӣ ва Нодирҷон Солиев, мудири кафедраи бехатарии иқтисодӣ ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Чорабиниро эдвайзер оид ба тарбияи факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ Абдулло Камолзода ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ҷавонон бо таҳдиду хатарҳои нави глобалӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, буҳрони молиявӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб рӯ ба рӯ мегарданд. Ба ин қатор, мутаассифона, коррупсия низ ҳамроҳ гардида, ҳамчун кирдори хатарзо ба пояҳои ахлоқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, ташаккули маърифати ҳуқуқӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва руҳияи ватандӯстӣ миёни ҷавонон вазифаи аввалиндараҷаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ маҳсуб меёбад.

Дар баромади худ Субҳоналӣ Мирзоев бо истифода аз слайд қайд намуд, ки бо мақсади пешгирии коррупсия аз ҷумла ҷиноятҳои коррупсионӣ дар даврони соҳибистиқлолиии кишвар се стратегияи миллии муқовимат бо коррупсияро дар солҳои зерин қабул кардааст, ки дар он чораҳои зарурии хусусиятҳои ташкиливу ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, ва маърифативу фарҳангидоштаро роҷеъ бо муқовимат бо коррупсия пешбинӣ кардааст.

Стратегияти муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030 ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамо, барои таҳкими низоми ҳуқуқӣ дар муборизаи муассир бо амалҳои коррупсионӣ дар кишвар заминаҳои устувор фароҳам меорад.

Тибқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” аз 7-уми августи соли 2020 дар ҷумҳурӣ як қатор чораҳои пешгирии кирдорҳои зиддикоррупсионӣ муқаррар гардидаанд, ки барои аз байн бурдани ин зуҳуроти нанговар ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Наҷибулло Сайвалӣ бошад, қайд намуд, ки муқовимат бо коррупсия ва экстремизм на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки рисолати ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози кишвар бояд бо донишу маърифат, ҳисси баланди худшиносӣ ва масъулиятшиносӣ дар ҳифзи суботу амнияти миллӣ саҳмгузор бошанд.

Дар ҳақиқат, экстремизм ва терроризм барои ҳар як ҷомеа хатари ҷиддӣ доранд. Барои мубориза бо ин зуҳурот ҳар як шахс, махсусан ҷавонон бояд масъулиятшинос бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба доми таблиғоти ифротӣ наафтанд.

Барои муборизаи муассир бо ин зуҳуроти хатарнок зарур аст, ки ҳамаи қишрҳои ҷомеа аз оила то мактаб, аз ниҳодҳои давлатӣ то ҷомеаи шаҳрвандӣ якҷоя амал кунанд. Танҳо бо ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва рушди маънавиёт метавонем ҷомеаи амн ва мутамаддин бунёд кунем.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА