Маълумот: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Фанҳои таълимӣ: Суғурта, нарх ва нархгузорӣ, Ояндабинии нархгузорӣ, Таъмини ҳуҷҷатнигории ташкилотҳои суғурта,
Соҳаи рағбатҳои илмӣ: Зерсохтори коплекси агросаноатӣ
Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ: Проблемаҳои рушди иқтисодиёти кишоварзӣ
Нашрияҳои асосӣ:
1. Луғати тафсирии англо-русӣ-точикӣ иборахои макроиқтисодӣ (бо хаммуаллифии Кошонова М.),
2. Фаъолияти суғурта (Дастури таълимӣ бо ҳаммуаллифии Шаропов Н. ва Буриева М.),
3. Нарх ва нархгузорӣ (Дастури таълимӣ бо ҳаммуаллифии Донахонов И.)
4. «Факторы развития земледелия Таджикистана» (Монографияи илмӣ) Душанбе-2016 Матбааи ДМИТ 300с. ва зиёд аз 50 номгӯӣ китобу маколаҳои илмӣ.
Ҳомидов Аслон Умарович 30 августи соли 1945 дар деҳаи Қалъачаи Калони ш. Истаравшан (собиқ ноҳияи Уротеппа) дар оилаи колхозчӣ таваллуд шудаам. Соли 1951 ба мактаби миёнаи собиқ №2, «Коммунист»(ҳоло №7) дохил шуда, онро соли 1961 бо баҳои аъло тамом кардам ва худи ҳамон сол ба факультаи иқтисодии собиқ Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро низ бо баҳои хубу аъло соли 1966 бо иҳтисоси «Иқтисодчии хоҷагии қишлоқ» тамом кардам.
Баъди итмоми Донишгоҳ солҳои 1966-1969 ба аспирантураи Институти умумииттифоқии иқтисодиёти хоҷагии қишлоқ (ВНИЭСХ) ба ш.. Маскав таҳсил кардам .
Моҳи феврали соли 1972 диссертацияи номзадиамро дар Шӯрои илмии собиқ Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дифоъ намудам.
Аз моҳи майи с.1972 то моҳи апрели с. 1973 дар сафи Артиши Шӯравӣ хизмат кардам ва бо унбони “Аълочии Артиши Шӯравӣ” сазовор гаштаам.
Баъди итмоми аспирантура дар Институти иқтисодиёти Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун кор кардам, аз ҷумла лаборанти калон, ходими хурди илмӣ, ходим калони илмӣ, мудири Сектори комплекси агросаноатӣ, мудири Сектори иқтисодиёт ва муносибатҳои иқтисодии берунаи Шӯъбаи Шарқи Миёнаи Институти иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналхалқии Академияи фанҳои ҶТ, солҳои 2001 - 2006 – ректори Донишкадаи озоди Исмоили Сомонӣ, аз 7 феврали с.2007 то ҳоло –дотсенти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон.Зиёда аз 70 номгӯй корҳои илмиро дар нашрияҳои хориҷӣ ва ватанӣ ба чоп расонидаам, ки асоситаринҳояшон аз ҷумлаи монографияҳои илмӣ ва китобҳои дарсӣ инҳоянд:Удельные показатели использования капитальных вложении, производственных фондов и факторы их улучшения в колхозах Таджикистана.(Монография), (бо ҳаммуаллифии З. Абдуллоев ва Ш. Саидшарафов), Душанбе, Дониш, 1974, 20 ҷ.ч. Фаъолияти суғурта, (бо ҳаммуаллифии Н.Шаропов ва М.Бӯриева), (китоби дарсӣ), Душанбе, 2010, 256 саҳ.Луғати тафсирии англисӣ-тоҷикӣ ва тоҷикӣ-англисии ибораҳои иқтисодӣ (1000 вожа),қисми 1. (Китоби дарсй),(бо ҳаммуаллифии Кошонова М.Р ),Душанбе, Ирфон, 2017, 276 с.Факторы развития земледелия Таджикистана (в соавторстве с Садридиновым С.), (научная монография),Душанбе, ФЭИТ, 2016, 19 п.л. Бахши ҷамъиятии иқтисодиёт: сохторҳои ниҳодии ва хусусиятҳои рушди инноватсионии он. (бо ҳаммуаллифии Мирсаидов А.),Душанбе -2018, 298 саҳ. Гороные, мехгорные и предгорные земельные ресурсы:проблемы эффективного их использования в Кулябском регионе (бо ҳаммуаллифии Амиров П.Д.), Душанбе – 2019, 10 п.л. Ба шаҳрҳои Москва, Теҳрон, Краснодар, Алма-ато, Ашқобод , Тошкент,Самарканде, Юрмала, Краснодар, ва ѓайра сафарҳои корӣ карда дар конфронс ва симпозиумҳои байналхалқӣ ширкат варзидаам.Бо қарори Президиуми Академияи фанҳои ИҶШС (СССР) ва Президиуми Комитаи Марказии коркунони маориф, мактаби олӣ ва муассисаҳои илмӣ (СССР) аз 14 январи с. 1975 бо аломати сарисинагии «Ғолиби мусобиқаи сотсиалистии с. 1974» мукофотонида шудаам. Дорандаи унвони фахрии «Аълочии маъориф ва илми Тоҷикистон» мебошам.Бо Грамотаи Фахрии ҷамъияти «Дониш» - и РСС Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми ҶТ ва АФ ШҶТ мукофотонида шудаам
Оиладор ва соҳиби чор фарзанд мебошам.
Аз ашъори А. Ҳомидов
Аз ҷаҳони маърифат
То намоям огаҳат,
Худ бисӯхтам ҳамчу шамъ,
То шавад равшан раҳат.
* * *
“Ин” –у “он” –ро накардам ман баҳона,
“На аз рӯ шонаву аз зер на фона”.
Буд илми иқтисод чун мӯрчахона,
Кашондам ман ба он чу мӯрча дона.
* * *
«Гаҳе мешад, ки пири равшанрой
Наандешад чораву тадбире,
Гаҳе мешад, ки кӯдаки навзод
Зи ғафлат бар ҳадаф занад тире».
(Саъдӣ)
Гаҳе мешад, ки тӯрбаи гадой
Пур зи кулчаву қанду панире.
Гаҳе мешад, ба ним зағорае
Гашта зору чор дидаи мире.
Гаҳе мешад, ки ноқису ланге-
Сарвари лашкару оламгире.
Гаҳе мешад, ки он лашкаркаш
Худ асиреву по ба занҷире.
Гаҳе мешад, ки оқиле –мутеъ
Ба дасти ҷоҳилу нодону ғирре.
Гаҳе мешад, ки ба ҳайси ҳоким
Нишаста танбалу муғамбире.
Гаҳе мешад, зи кулфати рӯзгор
Фарди чилсола –пиртар аз пире.
На монда нирӯ ба ҷисму ҷонаш,
На ба рӯй қореву ба мӯй- қире.
Гаҳе мешад,ки зи хотир рафта
Қадри модареву зи ӯ шире.
Гаҳе бинӣ, ба ҷойи посдорӣ
Мазори волидайнро таҳқире…
Ин гуногунрангии рӯзгорро
Бигӯ,ҷоно, чи бошадаш сире?
-«Ин ҳама - хости яздони пок:
«Ба ҳар банда бинвишта тақдире».
* * *
Ҳоли он тоҷир бигардад бад,
Ки дахлаш навад у харҷаш - сад.
* * *
Ба ҳоли он тоҷир бояд гирист,
Ки дахлаш нуздаҳ асту харҷаш – бист.
* * *
Миёни он тоҷир хоҳад хамид,
Ки дахлаш пуч гардиду харҷаш дамид.
* * *
Чу пиреро бидидӣ , сол рафта,
Зи ҷисмаш муттакои ҳол рафта,
Зи дасташ гиру қадре ҳамдамӣ кун,
Ки баҳри дигарон амсол рафта.
* * *
Ту мехӯрӣ, касе бо чашми чор аст,
Диҳӣ то порае – дар интизор аст,
Саховат кун, чу он оини мардист,
Ки харҷаш андаку судаш ҳазор аст.
* * *
Пуфаки дамкарда осон мекафад,
Дил, агар тазъиқ диҳад ҷон, мекафад.
Курраи олам, агар парвардааш
Дур равад аз файзи имон, мекафад.
Қолаби одамгарӣ дар зиндагӣ
Пуч шавад аз лутфу эҳсон, мекафад.
Ҳар чи аз меъёри худ берун равад-
Сокини замину осмон- мекафад.
* * *
Чу пиреро бидидӣ , сол рафта,
Зи ҷисмаш муттакои ҳол рафта,
Зи дасташ гиру қадре ҳамдамӣ кун,
Ки баҳри дигарон амсол рафта.
* * *
Ту мехӯрӣ, касе бо чашми чор аст,
Диҳӣ то порае – дар интизор аст,
Саховат кун, чу он оини мардист,
Ки харҷаш андаку судаш ҳазор аст.
* * *
Пуфаки дамкарда осон мекафад,
Дил, агар тазъиқ диҳад ҷон, мекафад.
Курраи олам, агар парвардааш
Дур равад аз файзи имон, мекафад.
Қолаби одамгарӣ дар зиндагӣ
Пуч шавад аз лутфу эҳсон, мекафад.
Ҳар чи аз меъёри худ берун равад-
Маскуни замину осмон- мекафад.
* * *
Воқеиро бофтаи афсона хӯрд,
Дуди шамъро параки парвона бурд.
Ман нанолам аз касеву аз чизе,
Умри манро нозаки ҷонона хӯрд.
* * *
Ин сари рост то ба охир хам нашуд,
Буд баланд бо амри тақдир, хам нашуд.
Кундаи таҳдид, агарчи бо ғараз
Буд кашол бо банду занҷир, хам нашуд.
* * *
Рӯз агар хоҳӣ, аввал шабпойӣ кун,
Чунки баъди шаб ҳамеша рӯз шавад.
Душманат гар қалби дӯстонат биёфт,
Ҳатман ӯ нисбат ба ту пирӯз шавад.
* * *
Орзуи ёр - ёли чун Дул-дул, чаро?
Печи зулфаш- нусха аз сунбул, чаро?
Бар тани бахше либос - аз барху зар,
«Зеб»- и бахше- колаи ҷуб-ҷул, чаро?
Узви гаҳвора барои тифли хеш -
Тубаки заррин зи Истанбул, чаро?
Растанӣ дар хоки мо, бин, беназир,
Баҳри чашмон сурма аз Кобул чаро?
Гашта китоб мӯниси аққалият,
Баҳри аксар симу зар - маъмул, чаро?
Бо ҳаромкорӣ яке – соҳибаёл,
Қимати кори ҳалол - «ду пул», чаро?
Ҷонфидоӣ баҳри халқ аст - ифтихор,
Шуғли бархе - кори номақбул, чаро?
Эй насиҳатгӯ, биандеш чорае,
Ориёнро каллаи шахшӯл, чаро?
Дар замони рушди илму техника
Насли наврас (дар сафи мо) нотавону гӯл, чаро?
* * *
Орзуи булбул – висоли гул, чаро?
Дигаре нест чун мисоли гул, чаро?
Умри булбул - бештар аз сад умри гул,
Нисбати бублбул виқори гул, чаро?
Рашки гул аз бартарии булбул аст,
Бо ситамкорӣ - ниқори гул ,чаро?
Гул ба булбул гар хиёнат мекунад,
Карда булбул ҷон нисори гул, чаро?
Гар набошад гул насиби булбуле,
Ҳар куҷо аксу нигори гул, чаро?
Чун вафои гул ба булбул – коҳида,
Беҳуда ин ифтихори гул, чаро?
Дар ҷавоб бар ишқи он булбули зор,
Нораво ин кирдукори гул, чаро?
Бо ҳама қину хиёнат шуд баланд,
Назди булбул эътибори гул, чаро?
Гар вафодорӣ надид булбул зи гул,
Булбул аст шабзиндадори гул,чаро?
Ғунчаи гул маҳз аз они булбуле,
Бар ғами гул нолаи булбул, чаро?
Мақсади булбул – вафою ишқи гул,
Дар ҷавоб рафтори номақбул, чаро?
Рӯзибахшо!
Қисмати булбул бубин –
Хаставу гӯл, дар миёни чӯл, чаро?
* * *
Набигрифтам ба худ унвони “доро”.
Маро на табъи мирона гуворо.
Мазорам шодиофар бо гилу гул,
На ӯро дода оро санги хоро.
Тоҷ
Рус
Eng