Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумул гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кўмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст.

 Экстремизм – аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шудааст ва маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») сарчашма гирифта, маънояш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, ки мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор ва тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.

Дар марҳилаи нави рушди ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳимму умдаи рўз ин тақвият бахшидани ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар аст ва ин амалҳои созанда рисолати аввалиндараҷаи ҳар як сокини сарбаланду садоқатпешаи Тоҷикистони азиз мебошад.

Мутаассифона, дар роҳи чунин амалҳои созанда ва таъмини ояндаи дурахшони мамлакати азизамон мушкилиҳои муайян мавҷуданд. Аз он ҷумла, дар шароити муосир мубориза ба муқобили чунин падидаҳои ифротӣ ба монанди терроризм ва экстремизм ба зарурати воқеӣ табдил ёфтааст.

Терроризм чун вабои асри XXI имрўз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод менамояд. Мақсади ташкили нооромиҳо ин иваз кардани сарвари давлат ва ё дигар кардани сохти конститутсионии кишвар, ва истифодаи сарватҳои табиӣ ва зеризаминӣ ба фоидаи хеш мебошад. Ин аст, ки дар қатори дигар масълаи терроризм ва экстремизм ба проблемаи ҷаҳонӣ табдил ёфтаст.

Созмон ва гурўҳҳои тафриқаангез низ бештар бо истифода аз ин омил байни ҷавонон ихтилофи мазҳабӣ паҳн намуда, ба ин васила низоъу нофаҳмиҳоро ба вуҷуд меоранд. Ин тоифа, ки асосан ташкилотчӣ ва саркардаҳои гуруўҳҳои ифротгаро мебошанд, аз бетаҷрибагии ҷавонон истифода бурда онҳоро шомили ҳар гуна гурўҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегардонанд.

Терроризм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башаррият гардидааст. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф намебошад. Сари ин масъала ҳамарўза ҳукумати кишварамон андеша дошта, онро дар мадди аввал гузошта, сармашқи фаъолияти хеш қарор додааст.

Воқеан таъсир ва ташаккули равияи террористӣ ба фазои ҷаҳони ислом таҳдид намуда истодааст. Ҳаёти кишварҳои мусулмонӣ имрўз нишон медиҳад, ки таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар минтақа ва дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ як мушкилоти сарбастаи шудааст. Пайванд кардани фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо бо ислом масъаларо боз ҳам мураккабтар мегардонад. Бинобар ин дар чунин вазъият моро зарур аст, ки арзишҳои миллӣ ва диниро ҳифз намуда, нақши онҳоро дар ҳаёти ҷомеа муайян созем.

Бо дарназардошти он ки қишри зиёди ҷомеаи моро ҷавонон ташкил медиҳанд, аксари падидаҳои номатлуб ва таҳиягарони онҳо кўшиш мекунанд, ки ба мафкураи қишри ҷавони ҷомеа таъсир расонида, қувваи бузурги онҳоро барои ҳадафҳои ғаразноки хеш истифода намоянд. Ин бошад ба ҷомеаи мо, бахусус давлатдории миллии мо хатари ҷиддӣ дорад. Вазъи имрўза зарурати муборизаи ҷиддиро бар зидди ин қувваҳои ифротӣ ба миён меорад. Террорист ва ифротгаро миллат ва давлат надорад. Моҳиятан чунин гурўҳҳо ва амалҳои террористию ифротгаронаи онҳо хусусияти байналхалқӣ доранд. Мусаллам аст, ки амалҳои ин қувваҳо барои ҳаёти осоиштаи тамоми давлатҳои минтақа, аз он ҷумла Тоҷикистон наметавонанд бехавф бошанд. Зарур аст, ки тамоми мардуми озодихоҳи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар мубориза бар зидди чунин падидаҳои ифротӣ дастҷамъ бошанд. Аҳамияти тарбияи ватандўстӣ, эҳтиром ба давлат ва саҳм гузоштан дар пешрафти ҷомеаро махсус таъкид намудан лозим меояд.

Дар самти пешгирӣ намудани ақидаҳои бегонапарастӣ, ифротгароӣ, ва шомил гардидани ҷавонон ба ҳар гуна гуруҳҳои экстремистивӣ тундравӣ, масъалаи ҷиҳати мубориза бо тероризм ва экстримизм, ТЭТ, ҲНИ, шомил шудани ҷавонон ба гурўҳои ифротӣ ва даст назадани ҷавонон дар ин корҳои нохалаф, ҳар як фарди тоҷик аз ҷумла тарбиятдиҳандагон омўзгорон ва шахсони зиёӣ ва чоранандеши намуда дар байни ҷавонон аз оқибатҳои он фаҳмондадиҳиро пурзур намудан лозим меояд.

Тинҷӣ ва оромии ҷомеаи давлат ба ҷавононе вобаста аст, ки бо нангу номуси миллат Ватани худро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоянд ватандўст, ватанпараст ва худшинос бошанд.

 

Фатҳулло ХОЛОВ,

мудири кафедраи фанҳои табиатшиносӣ дотсент