ҶАННАТ ЗЕРИ ҚУДУМИ МОДАРОН АСТ…
Модар аввалин ва муҳимтарин шахс дар ҳаёти ҳар як инсон аст. Нақши модар дар тарбияи фарзандон хеле бузург буда, ҳузури ӯ дар зиндагии фарзанд дар ҳама синну сол зарур мебошад. Муҳаббати модарӣ ва меҳру муҳаббати фарзанд ба модар аз рӯзи таваллуд оғоз ёфта, дар тӯли ҳаёт эътимоди инсонро ба ҷаҳони атроф ташаккул медиҳад. Ин муҳаббат ба инсон имкон медиҳад, ки бо одамони гирду атроф муносибатҳои солим барқарор намуда, суботу оромии рӯҳӣ ва эҳсосиро дар марҳилаҳои гуногуни зиндагӣ нигоҳ дорад.
Беҳуда нагуфтаанд, ки: «Ҷаннат зери қудуми модарон аст». Ин сухан баёнгари он аст, ки мақому манзалати модар дар зиндагии инсон то чӣ андоза бузург мебошад. Модар ситораи дурахшонест, ки ҷаҳонро бо нури меҳру муҳаббати худ равшан месозад.
Модарон арзандаи ҳама гуна эҳтироманд. Мо бояд ба қадри устоди аввалини худ модар бирасем, онҳоро гиромӣ дорем ва ҳамеша эҳтиром намоем. Хушбахттарин инсон ҳамонест, ки модар дорад. Инсон танҳо дар он вақт ба муроди дил мерасад, ки ризоияти модари худро ба даст оварда бошад.
Ранҷи дунёро кашидам - арзиши модар нашуд,
Симу зарро баркашидам - қимати модар нашуд.
Он чи хурдам ҳар лазизе дар тамоми умри худ,
Лаззати шири сафедаш қимати тилло нашуд.
Модар фариштаи зиндагии мост, дунёи меҳру муҳаббат ва зеботарин неъмати рӯи замин аст. Ҷойи модарро ҳеҷ кас гирифта наметавонад. Чӣ гуна калимаи ширин аст «модар»! Вақте онро ба забон меорем, тамоми вуҷудамонро эҳсоси гарм фаро мегирад. Модар мисли замин яктост ва муҳаббати ӯ барои фарзандон беканора ва ҷовидона мебошад.
Бале, модар қиматтарин неъмати дунё ва сарчашмаи муҳаббати беканор аст. Канори модар аввалин паноҳгоҳи ҳаёти мост. Навозиши дастони ӯ беҳтарин оромиш барои фарзанд аст, новобаста аз синну сол.
Аз ин рӯ, вазифаи муқаддаси ҳар як фарзанд он аст, ки модари худро эҳтиром намояд, ба қадри заҳматҳои ӯ бирасад ва ҳамеша бо меҳру муҳаббат дар канораш бошад. Зеро то даме ки модар ҳаст, дунё барои инсон пурнур ва зиндагӣ пурмаънӣ мебошад.
Модар нури зиндагӣ, сарчашмаи муҳаббат ва бузургтарин неъмати дунёст.
Рухшона НУРМАҲМАДОВА,
мутахассиси раёсати илм ва инноватсия
Тоҷ
Рус
Eng