ИМТИЁЗҲОИ АНДОЗӢ ВА ДАСТГИРИИ ДАВЛАТӢ ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ
Пардохти пурра ва саривақтии андоз на танҳо уҳдадории қонунӣ, балки масъулияти шаҳрвандии ҳар як соҳибкор дар назди ҷомеа ва давлат мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Рушди соҳибкорӣ яке аз омилҳои муҳими пешрафти иқтисоди миллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими иқтидори истеҳсолии кишвар ба ҳисоб меравад. Дар шароити муосир фароҳам овардани фазои мусоиди соҳибкорӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои соҳибкорон, ҷалби сармоя ва татбиқи сиёсати самараноки андозӣ аз ҷумлаи масъалаҳое мебошад, ки таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумати мамлакатро тақозо мекунад.
Дар ин замина, суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат, ки 14 октябри соли 2026 дар бинои Кохи Ваҳдат баргузор гардид, масъалаҳои муҳимми рушди бахши хусусӣ, такмили низоми андозбандӣ ва таҳкими дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкориро фаро гирифт. Дар он нақши соҳибкорону сармоягузорон дар пешрафти иқтисодиёт, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, рушди инфрасохтор ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум таъкид гардидааст.
Таҳлили муҳтавои суханронӣ нишон медиҳад, ки рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя аз самтҳои муҳимми сиёсати иқтисодии давлат ба ҳисоб рафта, дар ин раванд ба такмили қонунгузорӣ, пешниҳоди имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, содагардонии расмиёти маъмурӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибкорон аҳаммияти махсус дода мешавад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули бахши хусусӣ, рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорӣ як қатор тадбирҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ андешидааст. Қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, такмили низоми андозбандӣ, маъмурикунонии андозбандӣ, коҳиш додани монеаҳои маъмурӣ, рушди хизматрасониҳои электронӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоя аз ҷумлаи иқдомҳои муҳим ва саривақтӣ дар ин самт мебошад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» заминаҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқу манфиятҳои соҳибкорон ва дастгирии фаъолияти онҳоро муайян менамояд. Ин санад кафолатҳои фаъолияти озоди соҳибкорӣ, ҳифзи моликияти хусусӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди бахши хусусиро пешбинӣ мекунад.
Яке аз самтҳои муҳимми ислоҳот такмили низоми андозбандӣ мебошад. Дар ин асос, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав аз 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор гирифта, он бо назардошти зарурати такмили маъмурикунонии андоз, рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ таҳия шудааст. Дар доираи ислоҳоти мазкур шумораи андозҳо аз 10 ба 7 кам карда шуд, ки ҳадаф аз он содагардонии низоми андоз ва беҳтар намудани шароити фаъолияти соҳибкорӣ буд.
Дар баробари ин, тадбирҳои андешидашуда барои содагардонии бақайдгирии субъектони соҳибкорӣ низ аҳамияти калон дорад. Дар робита ба ислоҳоти бахши хусусӣ, шумораи мақомотҳои бақайдгирандаи давлатии соҳибкорӣ аз чор ба як коҳиш дода шуда, муҳлати бақайдгирӣ аз 49 рӯз то 3-5 рӯз расонида шуд ва ин хизматрасонӣ ройгон пешниҳод карда мешавад.
Ин иқдомҳо нишон медиҳад, ки дастгирии соҳибкорӣ танҳо бо пешниҳоди имтиёзҳои молиявӣ маҳдуд намешаванд. Содагардонии расмиёти бақайдгирӣ, кам кардани хароҷоти маъмурӣ ва фароҳам овардани имконияти баробарӣ ба хизматрасониҳои давлатӣ низ барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Яке аз масъалаҳои асосии дар суханронии Пешвои миллат матраҳшуда истифодаи самараноки имтиёзҳои андозӣ барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя мебошад. Тавре зикр гардид, дар қонунгузории кишвар барои соҳибкорону сармоягузорон беш аз 240 номгӯй кафолату имтиёз, аз ҷумла зиёда аз 110 имтиёзи андозиву гумрукӣ пешниҳод намудааст.
Ин нишондиҳанда аз фароҳам овардани заминаҳои гуногуни ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ барои дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ шаҳодат медиҳад. Имтиёзҳои андозӣ дар сурати дуруст ва мақсаднок истифода шудан метавонанд хароҷоти истеҳсолиро коҳиш дода, имкониятҳои молиявии соҳибкоронро барои навсозии корхонаҳо, хариди таҷҳизоти муосир, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва таъсири ҷойҳои нави корӣ бунёд намоянд.
Дар ин раванд, бахусус барои корхонаҳои истеҳсолӣ, ки ба коркарди ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок ва рушди содирот машғуланд, имтиёзҳои андозиву гумрукӣ аҳаммияти махсус доранд. Онҳо метавонанд барои ҷалби сармояи нав, рушди иқтидорҳои истеҳсолӣ ва тақвияти рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ замина гузоранд.
Соҳибкории хурду миёна дар рушди маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат, ташаккули иқтисоди миллӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, рушдӣ хизматрасонӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои навӣ иқтисодӣ нақши муҳим дорад. Бо назардошти аҳамияти ин бахш, Ҳукумати мамлакат дар солҳои охир барои коҳиш додани монеаҳои маъмурӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолияти соҳибкорон тадбирҳои дахлдор андешидааст.
Яке аз чунин тадбирҳо ҷорӣ намудани мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мебошад. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2025, таҳти № 915 «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ», ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз, то 1 январи соли 2027 мораторий эълон гардид. Ин иқдом ба пешгирии санҷишҳои беасосу такрорӣ, ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон ва беҳтар намудани шароити сармоягузорӣ равона шудааст.
Дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат Президенти кишвар, санаи 14 октябри соли 2026 пешниҳод намуданд, ки мораторий барои субъектони соҳибкории хурду миёна боз ду соли дигар, то 1 январи соли 2029, тамдид карда шавад. Ин пешниҳод идомаи сиёсати дастгирии соҳибкорӣ буда, татбиқи он бояд бо риояи талаботҳои қонун ва ҳолатҳои истисноии пешбинишуда таъмин гардад.
Дар сиёсати дастгирии давлатии соҳибкорӣ ба фароҳам овардани имкониятҳои барои гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад. Аз ҷумла, рушди соҳибкории занон яке аз самтҳои муҳимми истифодаи неруи иқтисодии ҷомеа баҳисоб меравад. Зеро соҳибкории занон омили муҳими густариши хизматрасонӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва таҳкими иқтидори иқтисодии маҳалҳо мебошад.
Тавре аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат бармеояд, дар солҳои охир фаъолияти соҳибкории занон назаррас буда, саҳми онҳо дар иқтисодиёти миллӣ тадриҷан афзоиш меёбад. Тибқи нишондиҳандаҳои суханронии зикршуда, шумораи соҳибкорони фаъол дар мамлакат ба 110 ҳазор нафар расида, 28 фоизи субъектҳои хоҷагидрро ташкил медиҳад. Ин рақам аз он шаҳодат медиҳад, ки занон дар баробари иҷрои вазифаҳои оилавию иҷтимоӣ дар рушди маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва миллии кишвар низ нақши назаррас доранд.
Ҷанбаи дигари муҳими суханронӣ ин масъалаи баланд бардоштани масъулияти андозсупорандагон ва ташаккули муносибатҳои шаффоф байни давлату фаъолияти соҳибкорӣ мебошад.
Дар мулоқоти мазкур таъкид кардид, дар панҷ соли охир ва нуҳ моҳи соли 2026 дар натиҷаи санҷишҳои андоз ба буҷет аз 10,5 миллиард сомонӣ маблағҳои иловагӣ пардохт гардида, тавассути назорати камералӣ беш аз 6,3 миллиард сомонӣ андози камҳисобшуда ошкор шудааст. Дар маҷмуъ, маблағҳои ошкоршуда зиёда аз 16,9 милиард сомониро ташкил медиҳад.
Ин рақамҳои зикргардида аз зарурати такмили баҳисобгирии муҳосибӣ, пешниҳоди ҳисоботҳои саҳеҳ ва баланд бардоштани маърифати андозсупорандагон дарак медиҳад.
Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки соҳибкорони фаъолияти худро шаффоф ба роҳмонда, ба монанди пешниҳод намудани ҳисоботи дуруст, саривақт иҷро намудани уҳдадориҳои андозӣ, надоштани қарзи андозӣ ва нигоҳ доштани ҷойҳои корӣ, бояд аз ҳавасмандгардонии давлат баҳраманд гарданд. Дар ин замина, таъсиси мақоми «андозсупорандаи бомасъулият» метавонад ҳамҷун механизми муосири қадрдонии соҳибкорони масъулиятшинос ва тарғиби риояи қонунгузории андоз хизмат кунад.
Соҳибкорони хурд дар бисёр ҳолатҳо бо мушкилоти маҳдуд будани сармояи гардон, дастрасӣ ба маблағгузорӣ ва хароҷоти маъмурӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Аз ин рӯ баррасии масъалаи андозии онҳо метавонад ба беҳтар гардидани шароити фаъолият ва нигоҳ доштани ҷойҳои корӣ мусоидат кунад.
Дар суханронии худ Перезиденти кишвар пешниҳод намуданд, ки масъалаи аз ҳисоб баровардани қарзҳои андозии соҳибкорони инфиродии тибқи патент ва шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияткунанда, дар давраи аз соли 2012 то 1 январи соли 2020 ба вуҷуд омадааст ва муҳлати даъвои онҳо гузаштааст, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ баррасӣ карда шавад. Дар ин ҷо сухан дар бораи қарзҳои андозии зиёда аз 20 ҳазор соҳибкор ба маблағи беш аз 120 миллион сомонӣ меравад. Татбиқи ин пешниҳод, дар сурати қабули санадҳои дахлдор ва риояи талаботи қонун, метавонад ба сабук шудани бори молиявии соҳибкорони хурд ва фароҳам овардани шароити мусоид барои идомаи фаъолият мусоидат намояд.
Яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ васеъ намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ, коркарди ашёи хоми ватанӣ ва баланд бардоштани сатҳи худтаъминкунии кишвар бо маҳсулоти зарурӣ мебошад.дар ин раванд сиёсати андозӣ метавонад нақши муассири ҳавасмандкунанда дошта бошад.
Ҳамзамон, дар суханронӣ масъалаи таҳияи санадҳои дахлдор барои ҷорӣ намудани имтиёзи андози амволи ғайриманқул нисбат ба гармхонаҳо ва сардхонаҳое, ки барои истеҳсол ва нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ истифода мешаванд, матраҳ гардид. Чунин имтиёз метавонад таваҷҷуҳи соҳибкоронро ба бунёди гармхонаҳо, сардхонаҳо, марказҳои логистикӣ ва корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бештар намояд. Дар натиҷа, имконияти нигоҳдорӣ ва фуруши маҳсулот беҳтар гардида, талафоти маҳсулоти кишоварзӣ коҳиш меёбад ва замина барои рушди содирот васеъ мешавад.
Дар баробари имтёзҳои андозӣ, дастрасӣ ба маблағгузории дарозмуддат яке аз шартҳои муҳимми рушди соҳибкорӣ мебошад. Корхонаҳои истеҳсолӣ барои хариди таҷҳизот, навсозии иқтидорҳо, васеъ намудани истеҳсолот ва ворид намудан ба бозорҳои нав ба сармояи кофӣ ниёз доранд.
Дар суханронии Сарвари давлат масъалаи афзоиш додани ҳиссаи қарзҳои ба соҳаи истеҳсолӣ равонашуда ва фароҳам овардани шароити мусоид барои маблағгузории лоиҳаҳои иқтисодӣ таъкид гардид. Инчунин, зарурати рушди Фонди кафолати қарзҳо, истифодаи лизинг ва дигар воситаҳои муосири молиявӣ ба миён гузошта шуд.
Татбиқи чунин тадбирҳо метавонад барои соҳибкорони хурду миёна, ки на ҳамеша имконияти пешниҳоди гарави кофӣ доранд, дастрасӣ ба маблағгузориро беҳтар намояд. Дар баробари ин соҳибкорон бояд баҳисобгирии молиявиро такмил дода, нақшаи тиҷоратии асоснок таҳия ва фаъолияти худро шаффоф ба роҳ монанд
Дастгириҳои пайвастаи давлату ҳукумати мамлакат дар самти пешниҳоди имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, маъмурикуннии андоз, содагардонии расмиёти маъмурӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди сармоягузорӣ заминаи муҳими рушди соҳибкорӣ, густариши истеҳсолот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад. Дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо, соҳибкорон бояд масъулияти андозии худро баланд бардошта, уҳдадорҳои қонуниро софдилона иҷро намоянд ва бо истифодаи мақсадноки имтиёзҳои давлатӣ дар корҳои созандагиву ободонӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳми арзандаи худро гузоранд.
Амирхон БАРОТЗОДА,
мудири кафедраи аудит
ва назорати молиявӣ
н.и.и., муаллими калон
Тоҷ
Рус
Eng