МУШКИЛОТИ НАВИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ
Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардида, баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил дар кишвар тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаёти давлативу ҷамъиятиро сафарбар менамояд.
Дар ҳаёти ҷомеи ҷаҳонӣ имрӯзҳо хатару таҳдидҳои амнияти глобалӣ қарор доранд, ки моро ба дарёфти равишҳои нави муқовимат ба онҳо водор месозад. Яке аз зуҳуроти номатлуб тамоюли паҳншавиро дар минтақаҳои олам дорад, терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст.
Терроризм худ зуҳуроти номатлуби ҷомеаи навин буда, фаҳмиши он дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин дониста мешавад. Дар тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсадҳои терроризм чунин шарҳ дода шудааст: “Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон ба воҳима ва ба таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист”.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ борҳо таъкид намудаанд, ки: “Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест”.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигари кишварҳои ҷаҳон ба ин зуҳуроти номатлуб муборизаи оштинопазир буда, талош дорад то ҷилавгирӣ аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо намояд.
Воқеан, терроризму экстремизм зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, ба яке аз проблемаҳои асосии имрӯза мубаддал гаштааст. Имрӯз танҳо муборизаи дастҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидати аҳолӣ ба мақомот ва ҳушёриву зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин омилҳои манфӣ гирифта шавад, то ки суботи аҳолӣ таъмин ва ҳар як фард дар Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагии ободу осоишта ба сар барад.
Моро зарур аст, ки бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории мамлакатамонро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ дошта, ҳамчун неруи бузурги созанда ва сипари боэътимоди давлатамон бар зидди ҳама гуна хатари терроризму экстремизм бо роҳҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ мубориза барем.
Диловар ХОҶАЕВ,
донишҷӯи курси 3 ихтисоси 1-960101 ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng