Наврӯзро бо файзу баракати тоза ба диёри мо муждаи оғози рӯзи наву мавсими кишту кори нав медиҳад, коре ки хушбахтиву некрӯзӣ меовард.

Наврӯз зеботарин ҷашни ҳамбастагии инсону табиатро дар дунё офариданд, ҷашни ростиву дурустӣ, ҷашни бе ниқобу бе дурӯғеро, ки баъди гузашти ҳазорсолаҳо инсони дербовару муғамбири муосир, ки ҳар падидаи наву куҳнаи оламу одамро пеш аз қабул дар сад тарозу месанҷад, онро аз ҳар ҷиҳат сарвату мероси умумибашарӣ ёфта, билохира ҷойгоҳи баланду муҳтарами ӯро дар таърихи фарҳанги ҷаҳон қоил шудааст.

Дар фарҳанги мардуми мо аз ин ҷашни ормоншикан паёмҳои зебое аз гузаштагон ба наслҳои оянда мавҷуданд, ки бояд онҳоро ҳамаҷониба омӯхт ва ҳифзу гиромӣ дошт, зеро ба андешаи донишмандони муосир «ҷомеаи инсонӣ бидуни фарҳанг вуҷуд надорад ва инсон будан мутародифи фарҳанг доштан аст» (Фарҳанги мардум, №2, соли 6, Кобул, 1362, с. 20).

Инсон замонаҳое, ки ҷаҳон ҳанӯз ҷавон буду пурасрор ва дар оғӯши табиат мезист ва рӯйдодҳои он дар зиндагонии пурмоҷарои вай сахт таъсир дошт.

Пеш аз ҳама, бояд дар назар дошт, ки ҷашни Наврӯз аз ҳамон замон ва расмӣ шудан дар ду шакл таҷлил мегардид, яке Наврӯзи хос, яъне Наврӯзи ташрифотӣ, бо расму одоби дарборӣ ва дигар Наврӯзи омма бо суннатҳои мардумӣ.

Дар давраи ҳукмронии Сосониён Наврӯз бо шукӯҳ ва тартиби хос таҷлил мегардид. Дар он замон яке аз суннатҳои некуи Сосониён, чунон ки дар «Луғатнома»-и Деҳхудо омада аст, бисту панҷ рӯз пеш аз Наврӯз дар майдони қаср дувоздаҳ сутун аз хишти хом месохтанд ва бо нағмаву суруд дувоздаҳ навъ донаи зироати гандум, ҷав, лубиё, нахуд, кунҷид, мош ва ғайра мекоштанд ва дар рӯзи шашуми Наврӯз онҳоро канда, умед аз он доштанд, ки ҳосили зиёд рӯяд, дар ҳамон сол фаровони мешавад.

Маросими баргузории Наврӯз дар рӯзҳои ҷашн дар ин давра чунин буд: Рӯзи аввали ҷашнро шоҳаншоҳи Сосонӣ барои пазироӣ ва некукорӣ ба оммаи мардум ҷудо мекард, рӯзи дувум деҳқононро мепазируфт, рӯзи сеюм рӯзи махсуси сипоҳиён, бузургон ва муъбадон буд, рӯзи чаҳорум наздиконро медид, рӯзи панҷум бо хонаводаи худ менишаст ва рӯзи шашум рӯзи хоси аҳли унс буд, бо онҳо менишаст, ҳадяҳои наврӯзиро аз назар мегузаронид, баъзеҳоро ба дигарон мебахшид ва он чиро ки шоиста медид, ба хазина месупурд. Шоирон шеър ва сарояндагон сурудҳояшонро ҳадя мекарданд. Сурудҳо иборат аз қасидаҳое буданд, ки ҳофизон дар базмгоҳи шоҳ, дар назди оташ месуруданд.

Дар адабиёти форсу тоҷик Наврӯз мавқеи муҳим дорад ва шоирони бузург онро дар ашъори худ васф кардаанд. Аз ҷумла, Рӯдакӣ, Умари Хайём, Ҳофизи Шерозӣ ва Саъдии Шерозӣ дар осорашон, умед ва маънии зиндагии наврӯзиро бо тасвирҳои баланд баён намудаанд. Махсусан, рубоиёти Хайём, ки ба масъалаи гузариши замон ва арзиши ҳар лаҳзаи ҳаёт ишора мекунанд, бо рӯҳияи наврӯзӣ ҳамоҳанг мебошанд. Ба ҳамин тариқ, Наврӯз дар адабиёт ҳамчун манбаи илҳом ва рамзи шукуфоӣ инъикос ёфтааст.

Аз ҷумла, Умари Хайём дар «Наврӯзнома»-и худ овардааст, агарчи каме тӯлонист, вале аз он ҷо ки яке аз саҳнаҳои қадимии баргузории ҷашни Наврӯз буда, аз нигоҳи адабӣ низ яке аз порчаҳои зебои насри бадеии адабиёти мо мебошад.

Тавре қайд намудем, Наврӯз яке аз куҳантарин ва пурмаънотарин ҷашнҳои тамаддуни башарӣ мебошад, ки ҳамчун рамзи эҳёи табиат, оғози соли нав ва пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ таҷлил мегардад. Ин ҷашн дар сарчашмаҳои таърихӣ ба давраҳои қадимаи ориёӣ марбут дониста шуда, дар осори адабӣ ва таърихӣ мақоми вижа дорад. Дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ пайдоиши Наврӯз ба номи подшоҳи ҳамон замон Ҷамшед нисбат дода мешавад, ки тибқи ривоятҳо рӯзи ба тахт нишастани ӯ ва боло рафтанаш ба осмон ҳамчун рӯзи шодию шукуфоӣ пазируфта шудааст. Бо гузашти замонҳо ин ҷашн дар давраҳои гуногуни давлатдорӣ, аз ҷумла дар замони Сомониён бо шукӯҳу эҳтироми бештар баргузор мегардид ва ҳамчун ҷузъи муҳими ҳувияти фарҳангии мардум нигоҳ дошта мешуд.

Дар шароити имрӯза ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ омили муттаҳидсози халқу миллатҳо ва таҳкимбахши сулҳу ваҳдат дар тамоми ба ҳисоб меравад. Иқдоми ин ҷашни фархунда бо пайки наку ба табиати куҳандиёрамон ҳусни нав, ба хонадони мардуми кишварамон шодиву нишот ва файзу баракат, ба дили пиру ҷавон умеду орзуҳои наку ҳадя меорад.

Ҷашни Наврӯз рамзи эҳтиром ба замин, об, ҳаво ва оташ буда, мардумро ба покизагӣ, некандешӣ ва амалҳои хайр даъват мекунад. Асосан ин ҷашн дар худ маънои навсозии рӯҳию маънавӣ дошта, оғози зиндагии нав мебошад.

Имрӯз Наврӯз ба ҷашни дорои мақоми байналмилалӣ табдил ёфтааст ва аҳамияти он аз доираи як миллат ё як кишвар берун рафта, дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Бо қарори Созмони Милали Муттаҳид ин ҷашн ҳамчун рӯзи байналмилалӣ эътироф гардид ва ҳамчунин, аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият дохил карда шуд. Ин иқдом далели арзиши ҷаҳонии Наврӯз ва саҳми он дар таҳкими ҳамгироии фарҳангҳо мебошад. Дар кишварҳои гуногун маросимҳои наврӯзӣ бо хусусиятҳои маҳаллӣ баргузор гардида, вале мазмуни аслии ҷашн эҳёи табиат ва ваҳдати инсонҳо ягона боқӣ мемонад.

Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили бошукӯҳи Наврӯз эҳё ва таҳкими арзишҳои миллӣ ҳар сол гузаронида мешавад, ки он бо барномаҳои фарҳангӣ, намоишҳои ҳунарӣ, бозиҳои миллӣ ва ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ баргузор шуда, фазои идона ва ҳамбастагиро тақвият мебахшанд.

Ҷиҳати иҷтимоии Наврӯз дар он зоҳир мегардад, ки ин ҷашн мардумро ба сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ даъват мекунад. Дар рӯзҳои наврӯзӣ хонаву кӯчаҳо тоза карда мешаванд, хешу табор ба аёдат мераванд ва дастурхони идона бо рамзҳои фаровонӣ ороста мегардад. Ин анъанаҳо на танҳо суннати фарҳангӣ, балки василаи таҳкими робитаҳои оилавӣ ва иҷтимоӣ мебошанд. Наврӯз, инчунин ба рушди иқтисод, ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ мусоидат намуда, имкон фароҳам меорад, ки маросимҳои ҷашни наврӯзӣ ба наслҳои оянда боқӣ монда шавад.

Дар маҷмуъ, Наврӯз ҷашнест, ки таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллиро дар худ таҷассум мекунад. Он ҳамчун мероси зиндаи ниёгон имрӯз низ арзиши худро нигоҳ дошта, мардумро ба умед, созандагӣ ва ҳамбастагӣ ҳидоят менамояд. Ҳифз ва гиромидошти ин ҷашни бостонӣ вазифаи ҳар як фарди ҷомеа буда, идомаи он кафолати устувории анъанаҳои миллӣ ва рушди фарҳанги маънавии ҷомеа мебошад.

Наврӯз аз ҷиҳати илми дақиқ низ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Дар замони асрҳои миёна донишмандони бузург ба омӯзиши ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ ва муайян намудани тақвими дақиқ машғул буданд. Яке аз шахсиятҳои барҷастаи илми риёзӣ Улуғбек дар пешрафти ҳисобҳои астрономӣ ва таҳияи ҷадвалҳои дақиқи ситорашиносӣ саҳми бузург гузоштааст, ки барои такмили тақвими солшуморӣ ва дарки амиқи замони фарорасии рӯйдодҳои астрономӣ аҳамияти муҳим доштанд.

Эҳёи Наврӯз дар илмҳои дақиқ низ мавриди омӯзиш қарор ёфтааст, ки он бар асоси гардиши Замин ва мушоҳидаҳои мунтазами мавқеи Офтоб ҳисоб карда мешавад. Ин ҳама далели онанд, ки ҷашни Наврӯз на танҳо анъанаи фарҳангӣ, балки натиҷаи мушоҳидаҳои дақиқи илмӣ ва таҷрибаи чандинсолаи астрономии ниёгон мебошад.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ҷашни ҷаҳонӣ эълон гардид. Дар ин бора, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд, ки «Ҷашни Наврӯз барои миллати фарҳангдӯсту тамаддунсоз ва хуршедпарвари мо дар ҳама давру замон муқаддас буд».

Маҳсули ҷашнвораи беназири Наврӯз, инчунин эҳёи суннат ва ойинҳои наврӯзии мардумони форсизабон ба оламиён, ҳукми ҷаҳонӣ гирифта, сабаби эътирофи Наврӯз дар Иҷлосияи 64-уми Маҷмаи умумии СММ дар чаҳорчӯбаи «Тамаддуни ҷаҳонӣ» аз 23 феврали соли 2010 ҳамчун мақоми байналмилалӣ гардид. Таҳлилҳо нишон доданд,ки ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз ин буд, ки ҳанӯз дар замонҳои қадимтарин ниёгони мо ба тараннуми фалсафаи ахлоқ ва одоби ҳамидаи инсонӣ машғул буда, тавассути ин ҷашн низ паёми ваҳдату муҳаббат, покию саодат, зебоию нафосат ва ватандӯстию ватанпарвариро ба мардум мерасонданд.

Бо фарорасии баҳор ва Наврӯз кулбаву кошонаи мо нуру зиё ҷило мегардад, дар вуҷуди мо поктарин эҳсосот ва волотарин умеду орзуро бедор месозад. Бо нафаси мубораки хеш адовату кинаро аз замири мо дур месозад, меҳри бародарӣ, шафқату меҳрубонӣ ва хайру саховатро дар дили ҳар яки мо меангезад.

Ҷашни Наврӯз ба унвони паёми зиндагисози меросбарони он ба ҷаҳониён, аз ҷумла тоҷикон баробари ҳукми ифтихор ва сарбаландӣ будан, рисолати беназири эҳё, таблиғ ва маърифати фаротари ҳар яке аз суннат ва оинаҳои хоси онро боқӣ гузоштааст.

Бар ин асос, фароҳамоварӣ, таҳқиқу таблиғ ва дар ин замина, мусоидат бар эҳёи чунин суннатҳои нодир ва беназири фарҳанги Наврӯз вазифаи муқаддаси ҳар нафар аз аҳли пажуҳиш дар кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ба шумор меравад.

Наврӯзи оламафрӯз рӯзгори одамиро пайваста поку ғанӣ ва сабзу хуррам нигоҳ медорад, пайваста ба сарзаминҳои нав ба нав доман паҳн мекунад ва густариш меёбад.

 

Робиямоҳ ГУЛМУРОДЗОДА,

дотсенти кафедраи андоз ва суғуртаи ДДМИТ,

номзади илмҳои иқтисодӣ