Суҳбати ихтисосии сардори шуъбаи иттилоот ва нашрияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Очилдиев бо мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омори донишгоҳ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Рустам Холов бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии омор

Дар иқтисоди муосир рақам василаи шинохти воқеият, муайян кардани тамоюлҳои рушд ва асоснок намудани қарорҳои идоракунӣ мебошад. Аз вазъи бозори меҳнату тағйирёбии нархҳо то натиҷаҳои фаъолияти корхонаҳо ва дурнамои иқтисоди миллӣ дар ҳамаи ин равандҳо маълумоти дақиқу боэътимод нақши муҳим дорад. Маҳз омор рақамҳоро ба воситаи таҳлил ва пешбинии равандҳои иқтисодӣ табдил медиҳад.

Дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт ва густариши зеҳни сунъӣ аҳамияти ин соҳа боз ҳам меафзояд. Омода кардани мутахассисоне, ки маълумотро дуруст ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлил карда метавонанд, яке аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба шумор меравад.

Суҳбати ихтисосии мо бо мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Рустам Холов дар иртибот ба аҳамияти омор, фаъолияти кафедра, дастовардҳои илмӣ ва дурнамои омодасозии мутахассисони соҳа сурат гирифт.

- Дар оғоз мехостем ба моҳияти масъала рӯ оварем. Чаро оморро яке аз пояҳои асосии идоракунии иқтисодиёт медонанд?

- Зеро ягон қарори ҷиддии иқтисодӣ набояд танҳо бар тахмин ё тасаввуроти умумӣ асос ёбад. Барои дуруст муайян кардани вазъ, ошкор намудани мушкилот ва интихоби роҳи муносиб маълумоти воқеӣ ва таҳлили илмӣ зарур аст. Маҳз омор чунин заминаро фароҳам меорад. Омор имкон медиҳад, ки равандҳои иқтисодию иҷтимоӣ на танҳо дар алоҳидагӣ, балки дар робита бо тағйироти замонӣ, омилҳои таъсиррасон ва қонуниятҳои умумӣ омӯхта шаванд. Масалан, ҳангоми таҳлили фаъолияти корхона ҳаҷми истеҳсолот, хароҷот, даромад, ҳосилнокии меҳнат ва даромаднокӣ мавриди муқоиса қарор мегиранд. Танҳо дар асоси чунин таҳлил метавон муайян кард, ки натиҷаҳои фаъолияти корхона аз кадом омилҳо вобастаанд ва барои баланд бардоштани самаранокии он чӣ тадбирҳо заруранд.

Дар сатҳи иқтисоди миллӣ низ нишондиҳандаҳои маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, таваррум, шуғли аҳолӣ, сармоягузорӣ, истеҳсолот ва савдои хориҷӣ барои арзёбии вазъи иқтисодӣ ва муайян кардани самтҳои минбаъдаи рушд аҳамияти калон доранд. Аммо як нуктаро набояд фаромӯш кард: рақам худ ба худ хулоса нест. Арзиши аслии маълумот дар он зоҳир мегардад, ки то чӣ андоза дуруст ҷамъоварӣ, муқоиса, коркард ва тафсир мешавад. Аз ин рӯ, омор ҳам илми ченкунӣ ва ҳам воситаи таҳлили воқеият ва асоснок кардани қарорҳост.

- Дар соҳаи омор дақиқӣ ва эътимоднокии маълумот аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Мутахассис ҳангоми ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот бояд ба кадом талабот риоя кунад?

- Пеш аз ҳама, бояд дарк кард, ки ҳар як маълумоти оморӣ бояд ба усули дурусти ҷамъоварӣ, меъёрҳои муайяни ҳисоб ва тартиби асосноки коркард такя намояд. Ҳангоми гузаронидани мушоҳидаҳои оморӣ интихоби дурусти объекти омӯзиш, муайян кардани нишондиҳандаҳо, риояи усулҳои ҷамъоварии маълумот ва санҷидани дурустии натиҷаҳо аҳамияти калон доранд. Агар маълумоти ибтидоӣ нодуруст бошад, натиҷаи таҳлил низ метавонад воқеиятро инъикос накунад. Аз ин рӯ, мутахассис бояд манбаъҳоро санҷида, хатогиҳоро ошкор карда, маълумотро муқоиса ва натиҷаҳоро дуруст шарҳ дода тавонад. Ҳамзамон, ҳангоми кор бо маълумоти шахсӣ ё иттилооти дорои хусусияти маҳдуд риояи талаботи махфият ҳатмист.

Ҷанбаи дигари муҳим беғаразии таҳлил мебошад. Мутахассиси омор набояд натиҷаҳоро танҳо барои тасдиқи андешаи пешакӣ интихоб ё шарҳ диҳад. Хулосаи ӯ бояд аз маълумоти воқеӣ ва усули илмии таҳлил барояд. Ба донишҷӯён низ ҳамин гуна муносибатро меомӯзонем: ба рақамҳо бо назари таҳлилӣ муносибат кардан, ҳар як хулосаро бо далел асоснок намудан ва дар фаъолияти касбӣ ба дақиқӣ содиқ мондан.

- Дар замони рақамикунонӣ ва густариши зеҳни сунъӣ имкониятҳои омор чӣ гуна тағйир меёбанд? Оё технологияҳои нав метавонанд ҷойи таҳлили касбиро гиранд?

- Технологияҳои рақамӣ имкониятҳои соҳаи оморро ба таври назаррас васеъ кардаанд. Имрӯз метавон ҳаҷми бузурги маълумотро коркард намуд, робитаҳои байни нишондиҳандаҳоро муайян кард, тамоюлҳои навро ошкор сохт ва моделҳои пешгӯии иқтисодиро таҳия намуд. Пойгоҳҳои электронии маълумот, барномаҳои махсуси оморӣ ва воситаҳои таҳлили рақамӣ суръату самаранокии корро баланд мебардоранд.

Зеҳни сунъӣ низ дар ин раванд имкониятҳои нав фароҳам меорад. Он метавонад дар гурӯҳбандии маълумот, муайян кардани робитаҳои пинҳонӣ ва таҳияи сенарияҳои эҳтимолии рушди иқтисодӣ ёрӣ расонад. Ин имкониятҳо барои соҳаҳои молия, бонкдорӣ, андозбандӣ, гумрук ва соҳибкорӣ аҳамияти амалӣ доранд. Аммо технология наметавонад пурра ҷойи тафаккури инсон ва масъулияти касбии мутахассисро гирад. Агар маълумоти ибтидоӣ нодуруст ё нопурра бошад, ҳатто барномаи пешрафта метавонад натиҷаи ғалат пешниҳод кунад. Аз ин рӯ, мутахассис бояд на танҳо аз технология истифода бурда тавонад, балки натиҷаҳои онро аз нигоҳи илмӣ ва иқтисодӣ санҷида, дуруст шарҳ диҳад.

Ба андешаи ман, вазифаи муҳими таҳсилоти муосир омода кардани мутахассисест, ки ҳам донишҳои назариявии мустаҳкам дошта бошад ва ҳам аз имкониятҳои технологияҳои нав самаранок истифода барад. Тафаккури интиқодӣ, дақиқкорӣ, ахлоқи касбӣ ва масъулият дар ин раванд аҳамияти аввалиндараҷа доранд.

- Биёед, аз технологияҳои муосир ба фаъолияти кафедра гузарем. Кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омори ДДМИТ таърихи муайяни ташаккул дорад. Мехостем, дар бораи роҳи тайкардаи он ва мавқеи имрӯзааш маълумот диҳед.

- Таърихи кафедра бо ташаккул ва рушди самтҳои иқтисодӣ, таҳлилӣ ва омории муассисаи таълимӣ робитаи зич дорад. Тибқи маълумоти расмии донишгоҳ, дар заминаи кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит, ки соли 1997 фаъолият дошт, соли 2009 кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва омор ташаккул ёфт. Соли 2012 кафедраи омор ҳамчун воҳиди таълимию илмии факултети ҳисобдорӣ ва омор таъсис дода шуд. Ҳамзамон, кафедраи таҳлили иқтисодӣ низ дар асоси тағйироти сохтории марҳилаҳои пешин рушд кардааст. Минбаъд, бо фармоиши ректори донишгоҳ аз 4 сентябри соли 2023, таҳти №196/Ш, кафедраҳои таҳлили иқтисодӣ ва омор муттаҳид карда шуданд. Аз он вақт инҷониб воҳиди мазкур бо номи кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор фаъолият дорад.

Дар давраҳои гуногун олимону омӯзгорони соҳибтаҷриба роҳбарии кафедраро ба зимма доштаанд. Аз 18 декабри соли 2025 роҳбарии онро ман ба уҳда гирифтаам. Имрӯз кафедра дар сохтори факултети ҳисобдорӣ ва омор фаъолият намуда, дар омода кардани мутахассисони соҳаҳои таҳлили иқтисодӣ ва омор саҳм мегузорад. Мо кӯшиш мекунем, ки фаъолияти таълимӣ, методӣ ва илмиро мутобиқи талаботи замон ба роҳ монда, донишҷӯёнро ба омӯзиши амиқи равандҳои иқтисодӣ ва истифодаи усулҳои муосири таҳлил ҳидоят намоем.

- Яке аз нишондиҳандаҳои муҳими фаъолияти кафедра муҳтавои таълим ва доираи фанҳои омӯзонидашаванда мебошад. Дар ин самт чӣ имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд?

- Дар кафедра аз рӯйи 47 фанни таълимӣ дарсҳо гузаронида мешаванд. Барои ҳамаи фанҳо барномаҳои таълимӣ ва корӣ, аз ҷумла силлабусҳо, таҳия ва тасдиқ гардидаанд. Доираи фанҳои омӯзонидашаванда васеъ буда, ҳам масъалаҳои назариявии омор ва ҳам самтҳои амалии таҳлили иқтисодиро фаро мегирад. Аз ҷумла, донишҷӯён омори умумӣ, омори иқтисодӣ, омори молия, омори бонкӣ, омори гумрукӣ, омори андоз, омори иҷтимоӣ, омори саноат, омори кишоварзӣ, омори сайёҳӣ, омори ҳуқуқӣ ва усулҳои гузаронидани таҳқиқоти омориро меомӯзанд. Ҳамчунин, фанҳои таҳлили ҳисоботи молиявӣ, таҳлили комплексии фаъолияти хоҷагидорӣ, таҳлили сармоягузорӣ, банақшагирӣ ва ояндабинии иқтисодиёти миллӣ, таҳлили бозори меҳнат ва барномаҳои муосири оморӣ ба донишҷӯён имконият медиҳанд, ки равандҳои иқтисодиро аз дидгоҳи таҳлилӣ омӯзанд.

Муҳим он аст, ки донишҷӯ танҳо бо назария маҳдуд намонад. Ӯ бояд маълумоти заруриро ҷамъоварӣ кунад, нишондиҳандаҳоро ҳисоб намояд, ҷадвалу диаграммаҳо тартиб диҳад, натиҷаҳоро муқоиса ва шарҳ диҳад ва дар асоси далелҳо хулосаи мустақил барорад. Аз ин рӯ, такмили мунтазами муҳтавои таълим ва мутобиқ намудани он ба талаботи бозори меҳнат яке аз масъалаҳои муҳими фаъолияти кафедра ба ҳисоб меравад.

- Имрӯз барои мутахассиси соҳаи омор танҳо донистани формулаҳо кофӣ нест. Ӯ бояд технологияҳои иттилоотиро низ аз худ кунад. Дар кафедра ин талабот чӣ гуна ба назар гирифта мешавад?

- Комилан дуруст аст. Дар шароити рушди иқтисоди рақамӣ мутахассиси омор бояд аз имкониятҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ самаранок истифода бурда тавонад. Дар баробари азхуд кардани усулҳои анъанавии ҳисобу таҳлил, донишҷӯ бояд бо воситаҳои электронии коркарди маълумот, барномаҳои махсуси оморӣ ва усулҳои рақамии пешниҳоди натиҷаҳо шинос бошад. Ин малакаҳо ба ӯ имкон медиҳанд, ки маълумоти ҳаҷман калонро коркард намуда, робитаҳои байни нишондиҳандаҳоро муайян кунад ва натиҷаҳои таҳлилро ба шакли фаҳмо пешниҳод намояд.

Дар факултети ҳисобдорӣ ва омор барои дастгирии раванди таълим заминаи муайяни моддию техникӣ фароҳам оварда шудааст. Тибқи маълумоти дар сомонаи донишгоҳ нашршуда, дар факултет се озмоишгоҳи компютерӣ, ду озмоишгоҳи «1С-муҳосибот» ва як озмоишгоҳи информатика мавҷуд аст. Инчунин, 100 адад компютери ба шабакаи интернет пайвастшуда дар ихтиёри донишҷӯёну омӯзгорон қарор дорад. Албатта, самаранокии чунин имкониятҳо аз он вобаста аст, ки то чӣ андоза онҳо дар ҳалли масъалаҳои воқеии таълимӣ ва таҳқиқотӣ истифода мешаванд. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки донишҷӯён дар раванди омӯзиш бо маълумоти воқеии иқтисодӣ кор карда, усулҳои ҳисобу таҳлилро дар амал татбиқ намоянд.

- Дар омода кардани мутахассисони рақобатпазир пайванди назария бо амалия аҳамияти махсус дорад. Таҷрибаомӯзии донишҷӯён чӣ гуна ба роҳ монда мешавад?

- Таҷрибаомӯзӣ яке аз марҳилаҳои муҳими омодасозии мутахассисон буда, имкон медиҳад, ки донишҷӯ донишҳои назариявии худро дар муҳити воқеии фаъолияти иқтисодӣ татбиқ намояд. Мувофиқи дастури методии донишгоҳ оид ба таҷрибаомӯзии таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломии донишҷӯён, таҷрибаомӯзӣ метавонад дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои минтақавии омор, вазорату идораҳо, корхонаҳо, ташкилотҳои савдо, бонкҳо, мақомоти андозу молия, ширкатҳои суғуртавӣ ва дигар субъектҳои иқтисодӣ сурат гирад. Дар чунин муҳит донишҷӯён бо тартиби ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот, таҳияи ҳисобот, таҳлили нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва истифодаи натиҷаҳои оморӣ шинос мешаванд. Ин таҷриба барои иҷрои корҳои курсӣ, таҳқиқоти мустақилона ва омода кардани рисолаҳои хатм низ замина фароҳам меорад. Мо ҷонибдори онем, ки таҷрибаомӯзӣ танҳо ба ҷамъоварии мавод маҳдуд нашавад. Донишҷӯ бояд вазифаҳои мушаххасро иҷро кунад, мушкилоти воқеиро омӯзад ва дар асоси маълумоти бадастомада хулосаи мустақил пешниҳод намояд. Маҳз ҳамин роҳ малакаҳои касбӣ ва омодагии ӯро ба бозори меҳнат тақвият мебахшад.

- Ба андешаи Шумо, ҷиҳати баланд бардоштани шавқу рағбати ҷавонон ба омӯзиши омор ва ҷалби онҳо ба таҳқиқоти илмӣ чӣ бояд кард?

- Пеш аз ҳама, бояд нишон диҳем, ки омор илми хушк ва танҳо аз рақамҳо иборат нест. Он ба мо имконият медиҳад, ки воқеиятро амиқтар дарк намоем, сабабҳои тағйиротро муайян кунем ва барои ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ пешниҳодҳои асоснок манзур созем. Ҷиҳати бедор намудани шавқи донишҷӯён зарур аст, ки дар раванди таълим бештар аз мисолҳои воқеии иқтисодӣ, маълумоти расмӣ, барномаҳои таҳлилӣ ва масъалаҳои марбут ба ҳаёти ҳаррӯза истифода шавад. Озмунҳои фаннӣ, маҳфилҳои илмӣ, таҳияи лоиҳаҳои донишҷӯӣ ва иштироки ҷавонон дар таҳқиқоти амалӣ низ метавонанд ба рушди қобилиятҳои онҳо мусоидат кунанд.

Ҷанбаи дигари муҳим омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва истифодаи сарчашмаҳои илмии байналмилалӣ мебошад. Ин ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки бо таҷрибаи кишварҳои дигар шинос шаванд, адабиёти муосири соҳаро мутолиа намоянд ва усулҳои нави таҳлили маълумотро аз худ кунанд. Дар баробари ин, бояд дар ҷавонон ҳисси масъулиятшиносӣ, дақиқкорӣ, мустақилияти фикр ва кӯшиши пайваста барои такмили дониш ташаккул ёбад. Мутахассиси хуби омор пеш аз ҳама шахси кунҷков, таҳлилгар ва ба ҳақиқати илмӣ содиқ аст.

- Имрӯз бозори меҳнат аз хатмкунандагон на танҳо дониши назариявӣ, балки малакаҳои амалии рақамӣ, таҳлилӣ ва муоширатро талаб мекунад. Барои мутахассиси ояндаи омор кадом сифатҳо муҳиманд?

- Мутахассиси соҳаи омор бояд асосҳои назариявии омор, усулҳои таҳлили иқтисодӣ, коркарди маълумот ва истифодаи нишондиҳандаҳои омориро хуб аз худ кунад. Аммо барои фаъолияти муваффақ ин донишҳо танҳо замина мебошанд. Ӯ бояд бо барномаҳои компютерӣ кор карда тавонад, натиҷаҳои ҳисобро дуруст шарҳ диҳад, ҷадвалу диаграммаҳои фаҳмо омода созад ва маълумоти мураккабро ба шакле пешниҳод намояд, ки барои қабули қарор муфид бошад. Қобилияти таҳлилӣ, дақиқкорӣ, масъулиятшиносӣ, тафаккури интиқодӣ ва риояи меъёрҳои ахлоқи касбӣ низ аҳамияти калон доранд.

Донистани забонҳои хориҷӣ ба мутахассис имкон медиҳад, ки аз адабиёти илмии байналмилалӣ истифода барад, бо усулҳои нави таҳлил шинос шавад ва таҷрибаи пешқадами кишварҳои дигарро омӯзад. Муҳим аст, ки донишҷӯ ҳанӯз дар давраи таҳсил ба корҳои илмӣ, таҷрибаомӯзӣ ва иҷрои лоиҳаҳои амалӣ ҷалб гардад. Ин раванд ба ӯ ёрӣ медиҳад, ки қобилиятҳои худро санҷад, мушкилоти воқеии касбиро омӯзад ва барои фаъолияти мустақилона омода шавад.

- Паёми асосии Рӯзи ҷаҳонии оморро чӣ гуна шарҳ медиҳед ва он барои ҷомеаи илмӣ, бахусус омӯзгорону донишҷӯён, чӣ аҳамият дорад?

- Рӯзи ҷаҳонии омор моро водор месозад, ки ба нақши маълумоти боэътимод дар ҳаёти ҷомеа ва рушди давлат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Ин рӯз ҳамчунин имконияти хубест барои баррасии масъалаҳои сифати маълумот, такмили усулҳои таҳлил, истифодаи технологияҳои нав ва таҳкими эътимоди ҷомеа ба омори расмӣ. Шиори Рӯзи ҷаҳонии омор дар соли 2025 ин «Пешбурди тағйирот бо омори босифат ва маълумот барои ҳама» аҳамияти дастрасӣ ба маълумоти боэътимод ва истифодаи онро ҳангоми қабули қарорҳо таъкид мекард. Ин ғоя барои муассисаҳои таҳсилоти олӣ низ муҳим аст, зеро тарбияи мутахассисони соҳибмаърифат ва дорои тафаккури таҳлилӣ яке аз вазифаҳои асосии низоми маориф мебошад.

Ба омӯзгорон ва донишҷӯён мехоҳам таъкид намоям, ки омӯзиши омор бояд бо талоши пайваста барои дақиқӣ, беғаразӣ ва рушди тафаккури илмӣ ҳамроҳ бошад. Ҳар як рақам бояд маънои муайян дошта бошад, ҳар як хулоса бо далел асоснок гардад ва ҳар як таҳлил барои дарки дурусти воқеият хизмат кунад.

- Ва суоли охир: дурнамои рушди соҳаи оморро чӣ гуна арзёбӣ мекунед ва ба ҷавононе, ки мехоҳанд ояндаи худро бо ин соҳа пайванд диҳанд, чӣ тавсия медиҳед?

- Дурнамои омор бо рақамикунонии иқтисодиёт, густариши таҳқиқоти илмӣ ва афзоиши талабот ба маълумоти дақиқу саривақтӣ робитаи ногусастанӣ дорад. Дар оянда нақши таҳлили маълумот, моделсозии иқтисодӣ, пешгӯии равандҳои бозорӣ ва истифодаи технологияҳои рақамӣ боз ҳам бештар хоҳад шуд. Барои муассисаҳои таҳсилоти олӣ вазифаи муҳим омода кардани мутахассисоне мебошад, ки донишҳои назариявӣ, малакаҳои амалӣ ва қобилияти истифодаи технологияҳои муосирро ба ҳам пайванд дода тавонанд. Ин ҳадаф такмили муҳтавои таълим, рушди ҳамкориҳои илмӣ ва таҳкими робитаи донишгоҳ бо бахши воқеии иқтисодиётро тақозо мекунад.

Ба ҷавонон тавсия медиҳам, ки оморро ҳамчун илми дорои имкониятҳои васеъ омӯзанд. Дар ин соҳа танҳо донистани формулаҳо кофӣ нест. Кунҷковӣ, дақиқкорӣ, тафаккури таҳлилӣ, масъулиятшиносӣ ва омодагӣ ба омӯзиши пайваста омилҳои асосии муваффақият мебошанд. Зеро иқтисоди муосир ба мутахассисоне ниёз дорад, ки рақамҳоро танҳо ҳисоб накунанд, балки маънои онҳоро дарк намуда, барои ҳалли масъалаҳо ва қабули қарорҳои асоснок истифода бурда тавонанд.

P/S:

Омор дар ҷаҳони муосир на танҳо воситаи инъикоси воқеият, балки заминаи илмии таҳлил, дурнамосозӣ ва қабули қарорҳои асоснок мебошад. Дақиқии маълумоти оморӣ ба сифати идоракунӣ, самаранокии сиёсати иқтисодӣ ва устувории рушди миллӣ таъсири бевосита мерасонад. Аз ин рӯ, рушди низоми муосири омор ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб аз омилҳои муҳими пешрафти кишвар ба шумор мераванд. Зеро дар паси ҳар рақами дақиқ воқеият нуҳуфтааст ва дар асоси ҳар қарори дуруст маълумоти боэътимод меистад.

 

Мусоҳиб: Муҳаммадалӣ ОЧИЛДИЕВ,

сардори шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ