САВДОИ ОДАМОН - ХАТАР БА ҶОМЕАИ ҶАҲОН!
Дар ҷаҳони имрӯз дар баробари терроризму эстремизм, сепаратизим, гардиши ғайриқонунии маводи мухадир ва дигар таҳдидҳои геополитикӣ савдои одамон низ мушкилоти нигаронкунанда мебошад. Масъалаҳои марбут ба савдои одамон дар шароити имрӯза таҳти таваҷҷуҳи ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад, зеро он ҳамчун зуҳуроти манфӣ ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи инсонӣ зарари ҷуброннопазир мерасонад.
Савдои одамон дар миқёси байналмиллалӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон эътироф шудааст. Гурӯҳҳо ва ташкилотҳои муташаккили ҷинояткор бо мақсади роҳандозии ҳадафҳои ҷинояткорона ба савдои одамон даст зада, нафарони зиёдро бо ҳавасмандкунии молиявӣ, ҷалб намудан ба меҳнат ва музди маоши баланд дар давлатҳои хориҷӣ фирефта карда, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ менамоянд. Аз рӯи баҳодиҳии созмони Anti-Slavery International дар ҷаҳон зиёда аз 27 миллион одамон ба таври воқеӣ ғулом мебошанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ барои коҳиш додани талаботи истеъмолӣ ба савдои одамон, хусусан занону кӯдакон, барои баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии башарият оид ба оқибатҳои фалокатбори истисмори савдои одамон чораҳои зарурӣ меандешад. Хусусиятҳои муташаккил ва фаромиллӣ гардидани ҷинояти савдои одамон дар ҷаҳон эътимод ва кӯшиши бетаъхири ба ҳам омадани давлатҳои ҷаҳонро тақозо менамояд.
Заминаи қонунии ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон аз савдои одамон аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҷиноятӣ, оила ва меҳнат сарчашма мегирад. Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ошкору пешгирии савдои одамон пайваста тадбирҳои судманду саривақтӣ меандешад. Маврид ба таъкид аст, ки дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон” аз 26-уми июли соли 2014 мавриди амал қарор дорад. Қонуни мазкур аз 9 бобу 48 модда иборат буда, асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба савдои одамон, системаи чораҳо оид ба ҳифз, расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ва тавонбахшии онҳоро муқарар карда, муностибатҳои ҷамъиятиро дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон танзим менамояд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон” системаи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои давлатӣ, инчунин, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандон оид ба огоҳонидан, ошкор намудан ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон, бартарафсозии оқибатҳои иҷтимоии онҳро дар бар мегирад. Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи талботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон” ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофгардида ҳамкориро бо мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалии давлатӣ ва ғайридавлтӣ дар системаи муқовимат ба савдои одамон ба роҳ мондааст.
Асри 21 имрӯз дар баробари шиддат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ, чун замони афзоиши хатарҳои гуногуни умумибашарӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, савдои одамон ва як қатор дигар ҷараёнҳои халалдоркунандаи осоиштагӣ идома доранд. Дар ин марҳила, гӯруҳҳое фаъоланд, ки тавассути шабакаҳои интернетӣ ва дигар воситаҳо имрӯз низ идеяҳои ҷинояткоронаро бо роҳи фирефтасозӣ дар афкори мардум ҷой доданӣ мешаванд. Маҳз, дониши баланди сиёсӣ, маърифати ҳукуқӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва огоҳ будан аз равандҳои ҷаҳонӣ, ки дар маҷмуъ зиракии сиёсӣ мебахшад, метавонад хатари ба доми ҳар гуна идеяҳои номатлуб афтоданро коҳиш диҳад.
Дар раванди имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, ки ҳама гуна андешаву идеология метавонад ба ҳаёти ҳар фард таъсири манфӣ расонад, танҳо бо такя ба имконоту иқтидори давлат ва иродаи мустаҳками мардум, метавон пеши ҷараёнҳои номатлуб ва амалӣ шудани нақшаҳои нопоки гурӯҳҳои ҷиноятпешаро гирифт.
Шукруллои Ҳакималӣ -
донишҷӯи курси 3-юми факултети
“Фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ”
Тоҷ
Рус
Eng