ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ: ТАҲДИД БА АМНИЯТИ ҶОМЕА ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН
Дар дунёи имрӯза, ки равандҳои глобализатсия ва пешрафти технологияҳои иттилоотӣ бо суръати кайҳонӣ ҷараён доранд, инсоният бо як қатор таҳдидҳо ва хатарҳои глобалӣ рӯбарӯ гаштааст. Дар байни ин таҳдидҳо терроризм ва экстремизм мавқеи аз ҳама хавфноктарин ва вайронкунандаро ишғол менамоянд. Ин ду падидаи шум на танҳо ба амнияти миллии кишварҳои алоҳида, балки ба суботи тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ, фазои ором ва рушди устувори башарият хатари мустақим эҷод мекунанд.Экстремизм ва терроризм марз, миллат, дин ва мазҳаб надоранд. Онҳо бештар аз шиорҳои динӣ ё сиёсӣ суистифода карда, мақсадҳои ғаразноки худро пиёда месозанд. Аммо таърихи инсоният ва воқеияти имрӯза нишон медиҳад, ки ҳеҷ як дини илоҳӣ, бахусус дини мубини Ислом, даъват ба зӯроварӣ, куштор ва вайронкориро ҷонибдорӣ намекунад. Аз ин рӯ, шинохти моҳияти ин падидаҳо ва пайдо кардани роҳҳои самарабахши мубориза ва пешгирии онҳо вазифаи ҷонии ҳар як фарди огаҳ ва соҳибмаърифати ҷомеа ба шумор меравад.
Экстремизм чист?
Калимаи «экстремизм» аз калимаи лотинии «extremus» гирифта шуда, маънояш «интиҳогароӣ», «зиёдаравӣ» ё «ғайримеъёрӣ» мебошад. Дар мафҳуми сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, экстремизм — ин пойбандӣ ба ақидаҳо ва усулҳои ниҳоят шадид (экстремалӣ) мебошад. Экстремист шахс ё гурӯҳест, ки сохтори мавҷудаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ё диниро қабул надошта, мехоҳад тавассути фишори равонӣ, пайдо кардани адоват ва рад кардани меъёрҳои қабулшудаи ҷомеа ақидаҳои худро ба дигарон таҳмил созад.Экстремизм метавонад намудҳои гуногун дошта бошад:
Экстремизми сиёсӣ: Барои бо роҳи зӯрӣ ғасб кардани ҳокимият ё дигар кардани сохти конститутсионӣ нигаронида шудааст.
Экстремизми динӣ: Таассуби амиқи динӣ ва тоқатнопазирӣ нисбат ба намояндагони дигар динҳо ё мазҳабҳо.
Экстремизми миллӣ (нажодӣ): Бартарии як миллат ё нажодро бар дигарон талқин мекунад .
Терроризм чист?
Калимаи «терроризм» аз калимаи лотинии «terror» гирифта шуда, маънояш «тарс», «ваҳшату ҳарос» ва «ҳушёркунӣ» мебошад. Терроризм — ин шакли ниҳоии зоҳиршавии экстремизм аст. Агар экстремизм идеология ва ақида бошад, амали террористӣ усули амалӣ сохтани он ақида тавассути зӯроварӣ, куштор, гаравгонгирӣ ва эҷоди ваҳму ваҳшат дар байни аҳолӣ мебошад.
Мақсади асосии террористон танҳо нест кардани як ё якчанд нафар нест, балки тарсонидани ҷомеа, заиф сохтани ҳокимияти давлатӣ ва маҷбур сохтани мақомот барои қабули қарорҳои дилхоҳи онҳо мебошад.
Таҳдиди терроризм ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта ҷанги шаҳрвандиро сар аз сар гузаронид ва талхиву даҳшати онро хуб медонад, нисбат ба масалаи мубориза бо терроризм ва экстремизм мавқеи устувор ва беамон дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш аз минбарҳои баланди байналмилалӣ пайваста таъкид менамоянд:
“Террорист миллат, дин ва ватан надорад. Мубориза бар зидди ин падидаи шум ҳамкории дастаҷамъона ва ҳаматарафаи ҳамаи кишварҳои ҷаҳонро талаб мекунад.”
Омили дигаре, ки ба амнияти Тоҷикистон таъсири мустақим мерасонад, вазъи мураккаби сиёсӣ дар кишвари ҳамсоя — Афғонистон мебошад. Нооромӣ дар он сӯи марз ва фаъол будани ташкилотҳои террористии байналмилалӣ хатари воридшавии ақидаҳои экстремистӣ ва силоҳу маводи мухаддирро бештар мекунад.Дар Тоҷикистон ба хотири пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин хатарҳо базаи мукаммали ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст, аз ҷумла:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”, “Стратегияҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм.”
Мубориза танҳо тавассути сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кофӣ нест. Пешгирии ин падидаҳо корҳои ҳаматарафа ва ҳамкории пайвастаи давлат ва ҷомеаро талаб менамояд.Терроризм ва экстремизм хатари воқеӣ ба ҳаёт, озодӣ, субот ва ояндаи дурахшони ҳар як миллат ва давлат мебошанд. Ин даҳшатафканиҳо пеши роҳи пешрафти иқтисодӣ ва фарҳангиро гирифта, ҷомеаро ба давраҳои ҷоҳилият ва харобӣ бармегардонанд.
Мубориза зидди терроризм ва экстремизм танҳо вазифаи мақомоти қудратӣ ё давлат нест, балки қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди ватандӯст ва соҳибмаърифат мебошад. Мо бояд ҳамеша ҳушёриву зиракии сиёсиро ҳифз намуда, нагузорем, ки ҷавонони мо гумроҳ ва воситаи дасти гурӯҳҳои ғаразнок гарданд. Танҳо тавассути ваҳдати миллӣ, маърифатнокӣ, муҳаббат ба Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ мо метавонем сулҳу амонӣ ва истиқлолияти худро аз ҳама гуна хатарҳо эмин нигоҳ дорем.
Маҳина НУРЗОДА,
донишҷӯи курси 3, ихтисоси андоз ва андозбандӣ
Тоҷ
Рус
Eng