ш. Душанбе

734067, кӯч. Нахимов, 64/14

+992 37 231 0843


info@tgfeu.tj

Хабарҳо

ФОИЗҲОИ СОДА ВА МУРАККАБ ДАР ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ИҚТИСОДӢ

26-уми феврали соли равон дар кафедраи математикаи олӣ бо роҳбарии ассистенти кафедра Умаралӣ Баҳруллозода маҳфили илмии донишҷӯён - «Математикони ҷавон» доир гардид. Дар маҳфил мудири кафедраи математикаи олӣ Миралӣ Шадманов ва мутахассиси раёсати илм ва инноватсия Рухшона Нурмаҳмадова иштирок намуданд.

Дар оғози маҳфил мудири кафедра, дотсент М. Шадманов ҳозиринро ба муҳтавои мавзуъ шинос намуда, ҷиҳати роҳҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ маълумоти муфассал дод. Ҳамзамон, зинаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотиро баён намуда, қайд кард, ки иштирок дар маҳфили илмии донишҷӯён қадами аввалин барои оғози корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки дар чунин маҳфилҳо фаъолона ширкат варзанд.

Баъдан, донишҷӯёни курси 1-уми ихтисоси 1-25010801 Гулнигор Маҳмадалиева ва Парвина Аҳадзода дар мавзуи «Фоизҳои сода ва мураккаб дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ” маъруза карда, қайд намуданд, ки истифодаи фоизҳои сода ва мураккаб дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ як қатор бартариҳо дорад.

Гуфта шуд, ки фоизҳои сода ва мураккаб дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ нишондодашуда имкон медиҳанд, ки равандҳои гуногуни иқтисодӣ бо қадри зарур дар шакли сода ва фаҳмо навишта шуда, масъалаҳои душвори математикӣ ва иқтисодӣ ҳал карда шаванд.

Дар охири маҳфил байни донишҷӯён саволу ҷавоб сурат гирифт.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия

Беш аз 30 сол аст, ки донишгоҳ мутахассисони соҳибтахассусро бо назардошти анъанаҳои академӣ ва технологияҳои муосир омода карда, ба бозори меҳнат мебарорад. Айни ҳол ДДМИТ дорои барномаҳои мукаммали инноватсионӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, пойгоҳи мустаҳками тадқиқотҳои илмӣ ва ҳаёти фаъолу пурмуҳтавои донишҷӯён мебошад. Мо мутахассисонеро тарбия мекунем, ки қобилияти рушд ва нерӯманд сохтани фардои кишварамонро доранд.


Комиссияи қабул

Суроға:
734064, ш. Душанбе, кӯч. Нахимов, 64/14

Телефон:
+992 37 231 08 43

E-mail:
info@tgfeu.tj

Ба мо обуна шавед

Please fill the required field.